Мулоқоти Сафир бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия

07.12.2020 19:33

5 декабри 2020 дар Димишқ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия генерал Муҳаммад Холид Раҳмун Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан, ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар, махсусан дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва табодули сафарҳои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg