6 декабри 2020 дар Димишқ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия дар масъалаҳои амниятӣ, Роҳбари Дафтари амнияти миллии кишвар генерал Алӣ Мамлук баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.