16 декабри 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири навтаъйини молияи Давлати Кувайт Халифа Ҳамода баргузор гардид.
Сафир Халифа Ҳамодаро барои таъйин шуданаш ба мансаби Вазири молияи Давлати Кувайт табрик намуда, масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаро бо ӯ баррасӣ кард.