24 феврали соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саид баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолат, дурнамо ва таҳкиму тақвияти муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва башардӯстона баррасӣ гардида, атрофи масъалаҳои байналмилаливу минтақавӣ, махсусан ҳалли буҳрони Халиҷ табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин ҷонибҳо бар зарурати табодули сафарҳои сатҳи баланду олӣ махсус таъкид намуданд.