Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо сафирони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд.

03.03.2021 16:36

3 марти соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо сафирони Федератсияи Россия Николай Макаров ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳромҷон Аълоев мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Зубайдулло Зубайдзода, доир ба авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай иттилои муфассал дод. Ҷонибҳо изҳори боварӣ баён намуданд, ки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ босамар хоҳад буд, ба хусус дар самти таҳкиму тақвияти амну суботи минтақавӣ ва пешрафту шукуфоӣ.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg