17 марти соли 2021 Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Маҷдӣ аз-Зафирӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, роҳҳои густариш ва таҳкими ҳамкориҳо дар ҳама арсаҳои ҳаёт, масъалаи кушодани Сафорати Давлати Кувайт дар Душанбе ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми ҳарду ҷонибро баррасӣ намуданд.
Бо ишора ба муносибатҳои неку ҳасанаи ду кишвар тарафҳо бар зарурати табодули сафарҳои сатҳи оливу баланд ва кашфи роҳҳои ҷадид барои густариш ва таҳкими бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф таъкид карданд.