Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо раисони ҷамъиятҳои хайриявӣ “Эҳёи мероси исломӣ” Ториқ ал-Исо, “ал-Наҷот” Муҳаммад Исмоил ал-Ансорӣ, “Салом” Набил Ал-Авн ва “Танмия” Носир ал-Аҷмӣ мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои башардӯстона баррасӣ карданд.



