25 майи 2021 дар чаҳорчӯби сафари корӣ ба Ҷумҳурии Ироқ дар шаҳри Басра мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо Раиси музофоти Басра Асъад ал-Идонӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳанг ва сайёҳиро баррасӣ карданд.
Асъад ал-Идонӣ алоқамандиашро барои фароҳам овардани имкониятҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар ҳама соҳаҳои мавриди эҳтимом изҳор кард.