30 майи соли 2021 вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Зори ал - Аҷрон сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамоӣ ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳо таъкид ба амал оварданд.