Мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини Вазири корҳои хориҷи Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саид баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолат, дурнамо ва таҳкиму тақвияти муносибатҳои дуҷониба, пайгирии натиҷаҳои мулоқоти Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, ки рӯзи 16 июли соли 2021 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Ҳамбастагии минтақавӣ – чолишҳо ва имкониятҳо” дар шаҳри Тошканд сурат гирифт, баррасӣ гардид.