6 октябри соли 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Зорӣ Аҷрон ал-Аҷрон ҷаласаи тантанавии котиботи роҳбарони ҳайати дипломатӣ баргузор гардид.
Зимни ин ҷаласа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода ба ҳайси Дуайени ҳайати дипломатии кишвари иқомат таъин гардид. Инчунин Зорӣ Аҷрон ал-Аҷрон ба Зубайдулло Зубайдзода барору комёбӣ таманно намуд. Дар навбати худ Сафири Тоҷикистон дар Кувайт ба роҳбарияти Вазорат барои эътимод ва ба ҳукумати Кувайт барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҳайати дипломатӣ ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои худ изҳори сипос баён намуд.