4 декабри соли 2021 дар Давлати Кувайт бо ташаббуси Дуайени ҳайати дипломатии муқими Кувайт, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода ва Дафтари минтақавии UN-Habitat дар кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои халиҷ бо иштироки роҳбарони ҳайати дипломатӣ ва намояндагони ширкати нафтии Кувайт маъракаи ниҳолшинонӣ “Kuwait Plants III” баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамнуъгоҳи миллии «Ал-Абдолия» дар қатори дигар сафирҳо ниҳол шинонданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба роҳбари мамнӯъгоҳҳои миллии Давлати Кувайт панҷ бех ниҳоли дарахтони мевадиханда, ки аз Тоҷикистон оварда шуданд, тақдим карда шуд.