8 декабри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Раиси Маҷлис ул-Уммаи (парлумон) Давлати Кувайт Аҳмад аш-Шуҳумӣ доир шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Кувайтро баррасӣ намуда, зарурати роҳандозии сафари ҳайатҳои тарафҳо ва табодули таҷриба байни парлумони ду кишварро таъкид намуданд.