28 декабри 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Вазири тандурустии Кувайт хонум Бусийна ал-Музаф мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ аз ҷумла роҳандозии равобити мустақим байни муассисаҳои тандурустии ду кишвар ва мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 табодули афкор намуданд.