6 январи 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Мудири кулли Палатаи савдо ва саноати Кувайт Имод аз-Зайд доир шуд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорони кувайтӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишвар инчунин баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.