Нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода

10.01.2022 18:14

10 январи соли 2022 дар бинои Сафорат бо иштироки васеъи намояндагони ахбори оммаи кишвари иқомат, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва ширкатҳои ҳавоӣ нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода доир гардид.

Нишасти матбуотии мазкур асосан ба мавзӯъҳои муаррифии иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ”, қабули Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, имтиёзу сабукиҳо барои сарямоягузорону соҳибкорон ва дигар масъалаҳои муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ нигаронида шуда буд.

Дар ҷараёни чорабинӣ наворҳои инъикоскунандаи табиати зебо, имкониятҳои сайёҳӣ ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg