3 феврали соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири тандурустии Кувайт Доктор Холид Маҳус Сулаймон Ал Саид мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ аз ҷумла роҳандозии равобити мустақим байни муассисаҳои тандурустии ду кишвар ва мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 табодули афкор намуданд.