6 феврали 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири умури иҷтимоӣ ва рушди ҷомеъа ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои маскунсозӣ ва ободонии Давлати Кувайт Муборак Зайд ал-Урв ал-Мутайрӣ мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни муассисаҳои рушди иҷтимоии ду кишвар, инчунин мубодилаи таҷриба байни мутахассисон дар ин самт баррасӣ гардид.