Робитаҳои байнипарлумонӣ

29.04.2022 13:11

Самти муҳимми дигари ҳамкориҳои сиёсии дуҷониба ин густариши муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир мебошад. Парлумони Британияи Кабир дар муайянсозӣ ва пешбарии сиёсати дохилию хориҷии ин кишвар нақши калидӣ дошта, инкишофи робитаҳо дар ин самт ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд. То кунун як зумра сафарҳои ҳайатҳои парлумонии ду кишвар сурат гирифтанд. Аз ҷумла, моҳи июни соли 2009 дар Парлумони Подшоҳӣ Гурӯҳи парлумонии Осиёи Марказӣ иборат аз 8 нафар, ки намояндагони ҳар ду палатаи парламенти Британияро дар бар мегирад, ташкил шуд. Лорд Вейверли Раиси гурӯҳи мазкур моҳи сентябри 2009 ба кишварамон сафар карда, масъалаи таъсис додани гурӯҳи дӯстии байнипарлумониро байни Тоҷикистон ва Подшоҳӣ муҳокима намуд.

Аз 30 сентябр то 3 октябри соли 2010 Лорд Вейверли бори дигар ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода, дар якчанд мулоқотҳо бо намояндагони ҷониби мо иштирок намуд. Аз 15 то 19 ноябри соли 2010 ташрифи ҷавобии ҳайати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Лондон сурат гирифт. Зимни сафар ҳайати Тоҷикистон аз таърих ва фаъолияти Парламенти Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ошноӣ пайдо намуданд.                                   

25-31 июли соли 2011 ба Тоҷикистон Роҳбари гурӯҳи парлумонии Парлумони Британияи Кабир оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Лорд Вейверли сафар намуд. Зимни сафари корӣ номбурда бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, Мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо ва дигар намояндагони воломақоми кишвар мулоқот намуд.

18-22 сентябри соли 2011 узви Парлумони Британияи Кабир Баронесса Вивен Стерн ба Тоҷикистон сафар намуд. Зимни ташрифи хеш Баронесса бо намояндагони Парлумони Тоҷикистон, инчунин Вазорати адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ғайра мулоқотҳои дахлдор анҷом дод.

Аз 4 то 7 марти соли 2013 сафари такрории Баронесса Вивиен Стерн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Зимни сафари мазкур мулоқоти хонум Стерн бо якчанд намояндагони мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барпо гардид.                             

15 августи соли 2013 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Раиси Гуруҳи умумипарлумонии Парлумони Британияи Кабир оид ба Осиёи Марказӣ Лорд Вейверлиро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабирро баррасӣ карда, роҷеъ ба масъалаҳои обӣ, энергетикӣ ва экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд. 1 апрели соли 2014 вохӯрӣ бо гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрӣ дар бинои Палатаи Лордҳои Парлумони Британияи Кабир доир гардида, дар он аъзои гурӯҳ, намояндаҳои Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳӣ, Сафири Подшоҳӣ дар Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои соҳибкорӣ ва илмӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, кормандони воситаҳои иттилоотӣ ширкат варзиданд. Дар раванди вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи иштирокчиён маълумоти муфассал доир ба масъалаи иқтидори энергетикии Тоҷикистон, интиқоли барқ ба Афғонистон ва раванди татбиқи лоиҳаи CASA-1000 пешниҳод карда шуд. Инчунин, миёни ҷонибҳо масъалаи идома додани кумакрасонии техникии Вазорати рушди байналмилалии БК барои татбиқи лоиҳаи мазкур матраҳ гардид.

Аз 22 то 28 майи соли 2014 Баронесса Вивен Стерн, узви Палатаи лордҳои Парлумони Британияи Кабир ва Роҳбари навинтихобшудаи Гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф овард. Дар чаҳорчӯби сафари худ Баронесса Стерн дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Парлумони кишвар вохӯриҳои расмӣ ба анҷом расонид.

12 июли соли 2016 дар бинои Палатаи лордҳои Парлумони Британияи Кабир ҷаласаи гурӯҳи парлумонии Подшоҳӣ оид ба Тоҷикистон барпо гардид. Дар он аъзои гурӯҳ, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир, доираҳои соҳибкорӣ ва илмӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои иттилоотии кишвари иқомат ширкат варзиданд. Барномаи ҷаласа дар худ ду масоили асосӣ – интихоботи раисони гурӯҳ ва муаррифии маърӯзаи Рафаэлло Пантучӣ, роҳбари бахши таҳлили амнияти байналмилалии Донишгоҳи муттаҳидаи Подшоҳӣ оид ба тадқиқоти масъалаҳои амният ва дифоъ (RUSI - Royal United Services Institute for Defence and Security Studies) доир ба вазъи кунунӣ дар Осиёи Марказӣ дар самтҳои идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт ва амният дар минтақа дар бар гирифт.

29 март то 3 апрели соли 2018 Ноиби раиси Гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба бемории сил (Vice-chair of UK All-Party Parliamentary Group on Global TB) Баронесс Сютти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд. Зимни сафари мазкур номбурда бо намояндагони як қатор сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вакили Парлумон, узви Гурӯҳи парлумонии Авруосиёгии Кумитаи ҷаҳонӣ оид ба бемории сил Гулбаҳор Ашурзода ва намояндагони аршади дигар мақомоти давлатии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, доир ба  масъалаҳои марбут ба афзоиши бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

25 феврали соли 2019 бо ибтикори Шурои консервативӣ оид ба корҳои хориҷии Британияи Кабир (Conservative Foreign And Commonwealth Council) дар бинои Парлумони он кишвар вохӯрии роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон ва Покистон зери мавзуи “Global Britain and multilateral relations with the Stans” баргузор гадид.

16-20 сентябри соли 2019 сафари Лорд Шейх - узви Палата ва муовини Раиси гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба Тоҷикистон (British-Tajik APPG) ба Тоҷикистон ташкил карда шуда, зимни он сафар як силсила вохӯриҳои ӯ дар Маҷлиси намояндагон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва донишгоҳҳои миллӣ, техникӣ ва омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

8 феврали соли 2021 мизи мудаввари маҷозии роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо намояндагони Палатаи лордҳои Парламенти Британияи Кабир баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба мақсади муҳокимаи муносибатҳои дуҷонибаи Британияи Кабир бо кишварҳои номбурда, инчунин масъалаҳои марбут ба имкониятҳои минбаъдаи рушди он ҳамкориҳо баргузор гардид. Зимни ин вохӯрӣ ба иштирокчиён роҷеъ ба маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг, тандурустӣ, муҳити зист ва таҳкими сарҳади давлатӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg