Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳида дар самтҳои ҳарбӣ, дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бо терроризм, қочоқи маводди мухаддир ва хусусан, мусоидат намудан ба инкишофи устувори раванди сулҳу субот дар Афғонистон, мавриди таваҷҷуҳи ҳукуматҳои ду кишвар мебошанд. Тайи солҳои охир якчанд ҳайати намояндаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Британияи Кабир бо сафари корӣ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд. Ҳангоми вохӯриҳо бо намояндагони Тоҷикистон масъалаи вогузор намудани масъулияти Британия дар Афғонистон ба дӯши қувваҳои амниятии кишвар, ҳамчунин фаъолияти қувваҳои мусаллаҳи Подшоҳӣ дар ин кишвар баъди соли 2014-ум мавриди баррасии ҷонибҳо буданд. Дар чорчӯби ҳамкории Тоҷикистон бо НАТО, инчунин дар робита ба дастгирии қувваҳои эътилофии НАТО дар Афғонистон, Тоҷикистон ва Подшоҳӣ ҳамкории ҳарбиро барқарор намуданд.
23-24 августи соли 2011 Муовини маршали ҳавоӣ, ёвари Сардори Сарситоди қувваҳои мусаллаҳи Британияи Кабир Греҳам Ҳовард бо ҳамроҳии ду нафар намояндаи Вазорати мудофиаи Англия - роҳбари барномаҳои ҳамкории Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби НАТО капитан Ҷ.Т.Холловей ва лейтенант Р.Коган ба Душанбе сафар карданд.
Аз 29 то 1 марти соли 2012 Вазири Қувваҳои мусаллаҳ ва узви Парлумони Британияи Кабир Ник Ҳарвей ба Душанбе ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои рушди муносибатҳои низомӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир сафар намуд. Зимни сафари мазкур номбурда бо Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев ва Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот анҷом дод.
Бояд тазаккур дод, ки 18 апрели соли 2013 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома миёни Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ширкати қӯшунҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар саъю кӯшишҳои байналмилалӣ доир ба таҳким ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон” имзо шуд. Бо кӯмаки ҷониби Подшоҳии Муттаҳида намояндаи қувваҳои низомии Тоҷикистон дар давраи таълимии Академияи шоҳии ҳарбии Сандхурсти Британияи Кабир иштирок намуд.
27 январи соли 2021 сафари Сардори минтақавӣ барои Осиёи Марказии Қушунҳои сарҳадии Британияи Кабир Кристофер Перкин ба Тоҷикистон сурат гирифт. Мақсади сафар супоридани 2 ҳавопаймои бесарнишин (дрон) ба Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Барои омӯзонидани истифодаи ин дронҳо 14 марти соли 2021 чаҳор намояндаи Вазорати мудофиаи Британияи Кабир ба Тоҷикистон сафар намуданд. Дар даври омӯзишии чаҳорруза 12 афсари Қушунҳои сарҳадии кишвар ширкат карданд. Рӯзи панҷум омӯзиш дар сарҳади кишвар бо Афғонистон баргузор шуд. Айни ҳол, дар Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе намояндаи Қушунҳои сарҳадии Подшоҳии Муттаҳида фаъолият дорад.
14 июли соли 2021 дар Агентии миллии Подшоҳии Муттаҳида оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ (NCA) мулоқот доир ба густариши ҳамкориҳо миёни Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии зикршудаи Подшоҳии Муттаҳида дар самти пешгирии қочоқи маводди мухаддир баргузор гардид.