Ҳамкории сиёсӣ

29.04.2022 13:09

Равобит бо Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (Подшоҳии Муттаҳида) дар муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи махсусро ишғол менамояд. Подшоҳии Муттаҳида дар миёни мамолики хориҷи дур яке аз аввалин кишварҳое ба шумор меравад, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил эътироф намудааст.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳида 15 январи соли 1992 барқарор шудаанд.

20 декабри соли 2001 Сафорати Подшоҳии Муттаҳида дар Душанбе кушода шуда, 11 феврали 2008 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Сафири Подшоҳии Муттаҳида ҷаноби Тим Ҷонс аз моҳи ноябри соли 2021 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Дар солҳои аввали Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккулёбии муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар асосан бо ҳамкориҳо дар самти гуманитарӣ, махсусан расонидани кӯмаки башардӯстона, маҳдуд мешуд.

Имрӯз муносибатҳои дуҷониба устуворона дар самтҳои сиёсӣ, парлумонӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, ҳарбӣ, дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бо терроризм ва ғайра инкишоф ёфта, масъалаҳои мазкур зимни ҳар як мулоқоту вохӯрии намояндагони ҳар ду ҷониб, мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дар доираи таҳкими равобити байниҳукуматӣ ва тавсеаи ҳамкории байниидоравӣ сафарҳои намояндагони аршади ҳар ду кишвар мунтазам амалӣ гардида, зимни онҳо як қатор масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои авлавиятнок дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории шарикӣ баррасӣ мегарданд.

Мубодилаи сафарҳои расмӣ:

Соли 2002 Муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Ҷон Макгрегорӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Аз 25 феврал то 1 марти соли 2003 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ба Британияи Кабир сафар намуд. Зимни сафари мазкур мулоқоти Вазир бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир, инчунин профессорони Донишгоҳи Кембриҷ барпо гардид.

7 июли соли 2006 Гертсоги Йорк ба Тоҷикистон ташриф овард. Зимни сафари худ Гертсоги Йорк дар маросими ифтитоҳи Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ширкат варзида, бо Президенти кишвар мулоқот намуд. Инчунин, номбурда аз ноҳияи Ҷомӣ ва шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) боздид намуд.

Дар ҷараёни сафари дуюми худ, ки 26-28 октябри соли 2008 баргузор гардид, Гертсог ба ноҳияи Варзоб ҷиҳати шинос шудан бо рафти татбиқи лоиҳаҳои британиягӣ дар ин минтақа сафар намуд. Зимни ин сафар мулоқотҳои ӯ инчунин бо Президент ва Вазири корҳои хориҷӣ барпо гардиданд.

Моҳи ноябри соли 2010 Муовини доимии вазири Британия оид ба  ҳамкорӣ - Саймон Фрейзер ба Тоҷикистон ташриф овард. Номбурда бо Президент, Вазири корҳои хориҷӣ ва Вазири мудофиаи Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.

16 октябри соли 2011 Вазири давлатӣ оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир - ҷаноби Алан Данкан ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни ин сафар номбурда бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд.

6 сентябри соли 2013 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Баронесса Саида Варсӣ, ки бори нахуст ба Тоҷикистон  сафар дошт, барпо гардид.

Аз 1 то 3 июли соли 2014 сафари кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор гардид. Дар чаҳорчӯби ин сафар, Вазир бо ашхоси расмии Британияи Кабир, аз ҷумла Вазири аршади Британияи Кабир – Баронесса Саида Варсӣ, Вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир Алан Данкан, Спикери Палатаи лордҳои Парлумони Британияи Кабир Баронесса Де Соуза ва Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакраборти мулоқотҳо анҷом дод. Инчунин, Вазири корҳои хориҷӣ дар назди вакилони парлумони Британияи Кабир суханронӣ карда, бо намояндагони доираҳои иқтисодии Британияи Кабир ҷиҳати муҳокимаи дурнамои ҳамкории иқтисодӣ вохӯрӣ барпо намуд.

9 июни соли 2015 муовини директори Департаменти Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир Крейг Фултон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015” ширкат варзид.

Аз 22 то 26 сентябри соли 2015 роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи  Департаменти Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир Ҳелен Уолкер ба Тоҷикистон бо сафари шиносоӣ ташриф овард. Зимни сафар хонум Уолкер ба минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” рафт. Ҳамзамон, Ҳ.Уолкер бо Раиси Кумита оид ба ҳамкории байналмилалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода мулоқот намуд.

17 феврали соли 2016 сафари Вазири давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир Десмонд Свейн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар рафти сафар номбурда бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод, ки зимни он масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир баррасӣ гардиданд. Қобили қайд аст, ки айни замон масъалаи баргузории нахустин нишаст дар доираи Муколамаи дуҷониба миёни роҳбариятҳои Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мавриди муҳокима қарор дорад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg