Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

19.04.2022 14:38

Равобит бо Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (Подшоҳии Муттаҳида) дар муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи махсусро ишғол менамояд. Подшоҳии Муттаҳида дар миёни мамолики хориҷи дур яке аз аввалин кишварҳое ба шумор меравад, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил эътироф намудааст.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳида 15 январи соли 1992 барқарор шудаанд.

20 декабри соли 2001 Сафорати Подшоҳии Муттаҳида дар Душанбе кушода шуда, 11 феврали 2008 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Сафири Подшоҳии Муттаҳида ҷаноби Тим Ҷонс аз моҳи ноябри соли 2021 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Дар солҳои аввали Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккулёбии муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар асосан бо ҳамкориҳо дар самти гуманитарӣ, махсусан расонидани кӯмаки башардӯстона, маҳдуд мешуд.

Имрӯз муносибатҳои дуҷониба устуворона дар самтҳои сиёсӣ, парлумонӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, ҳарбӣ, дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бо терроризм ва ғайра инкишоф ёфта, масъалаҳои мазкур зимни ҳар як мулоқоту вохӯрии намояндагони ҳар ду ҷониб, мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дар доираи таҳкими равобити байниҳукуматӣ ва тавсеаи ҳамкории байниидоравӣ сафарҳои намояндагони аршади ҳар ду кишвар мунтазам амалӣ гардида, зимни онҳо як қатор масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои авлавиятнок дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории шарикӣ баррасӣ мегарданд.

Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳои расмӣ)

Соли 2002 Муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Ҷон Макгрегорӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Аз 25 феврал то 1 марти соли 2003 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ба Британияи Кабир сафар намуд. Зимни сафари мазкур мулоқоти Вазир бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир, инчунин профессорони Донишгоҳи Кембриҷ барпо гардид.

7 июли соли 2006 Гертсоги Йорк ба Тоҷикистон ташриф овард. Зимни сафари худ Гертсоги Йорк дар маросими ифтитоҳи Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ширкат варзида, бо Президенти кишвар мулоқот намуд. Инчунин, номбурда аз ноҳияи Ҷомӣ ва шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) боздид намуд.

Дар ҷараёни сафари дуюми худ, ки 26-28 октябри соли 2008 баргузор гардид, Гертсог ба ноҳияи Варзоб ҷиҳати шинос шудан бо рафти татбиқи лоиҳаҳои британиягӣ дар ин минтақа сафар намуд. Зимни ин сафар мулоқотҳои ӯ инчунин бо Президент ва Вазири корҳои хориҷӣ барпо гардиданд.

Моҳи ноябри соли 2010 Муовини доимии вазири Британия оид ба  ҳамкорӣ - Саймон Фрейзер ба Тоҷикистон ташриф овард. Номбурда бо Президент, Вазири корҳои хориҷӣ ва Вазири мудофиаи Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.

16 октябри соли 2011 Вазири давлатӣ оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир - ҷаноби Алан Данкан ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни ин сафар номбурда бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд.

6 сентябри соли 2013 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Баронесса Саида Варсӣ, ки бори нахуст ба Тоҷикистон  сафар дошт, барпо гардид.

Аз 1 то 3 июли соли 2014 сафари кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор гардид. Дар чаҳорчӯби ин сафар, Вазир бо ашхоси расмии Британияи Кабир, аз ҷумла Вазири аршади Британияи Кабир – Баронесса Саида Варсӣ, Вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир Алан Данкан, Спикери Палатаи лордҳои Парлумони Британияи Кабир Баронесса Де Соуза ва Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакраборти мулоқотҳо анҷом дод. Инчунин, Вазири корҳои хориҷӣ дар назди вакилони парлумони Британияи Кабир суханронӣ карда, бо намояндагони доираҳои иқтисодии Британияи Кабир ҷиҳати муҳокимаи дурнамои ҳамкории иқтисодӣ вохӯрӣ барпо намуд.

9 июни соли 2015 муовини директори Департаменти Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир Крейг Фултон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015” ширкат варзид.

Аз 22 то 26 сентябри соли 2015 роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи  Департаменти Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир Ҳелен Уолкер ба Тоҷикистон бо сафари шиносоӣ ташриф овард. Зимни сафар хонум Уолкер ба минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” рафт. Ҳамзамон, Ҳ.Уолкер бо Раиси Кумита оид ба ҳамкории байналмилалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода мулоқот намуд.

17 феврали соли 2016 сафари Вазири давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир Десмонд Свейн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар рафти сафар номбурда бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод, ки зимни он масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир баррасӣ гардиданд. Қобили қайд аст, ки айни замон масъалаи баргузории нахустин нишаст дар доираи Муколамаи дуҷониба миёни роҳбариятҳои Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мавриди муҳокима қарор дорад.

Ҳамкории байнипарлумонӣ

Самти муҳими дигари ҳамкориҳои сиёсии дуҷониба ин густариши муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир мебошад. Парлумони Британияи Кабир дар муайянсозӣ ва пешбарии сиёсати дохилию хориҷии ин кишвар нақши калидӣ дошта, инкишофи робитаҳо дар ин самт ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд. То кунун як зумра сафарҳои ҳайатҳои парлумонии ду кишвар сурат гирифтанд. Аз ҷумла, моҳи июни соли 2009 дар Парлумони Подшоҳӣ Гурӯҳи парлумонии Осиёи Марказӣ иборат аз 8 нафар, ки намояндагони ҳар ду палатаи парламенти Британияро дар бар мегирад, ташкил шуд. Лорд Вейверли Раиси гурӯҳи мазкур моҳи сентябри 2009 ба кишварамон сафар карда, масъалаи таъсис додани гурӯҳи дӯстии байнипарлумониро байни Тоҷикистон ва Подшоҳӣ муҳокима намуд.

Аз 30 сентябр то 3 октябри соли 2010 Лорд Вейверли бори дигар ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода, дар якчанд мулоқотҳо бо намояндагони ҷониби мо иштирок намуд. Аз 15 то 19 ноябри соли 2010 ташрифи ҷавобии ҳайати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Лондон сурат гирифт. Зимни сафар ҳайати Тоҷикистон аз таърих ва фаъолияти Парламенти Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ошноӣ пайдо намуданд.                                   

25-31 июли соли 2011 ба Тоҷикистон Роҳбари гурӯҳи парлумонии Парлумони Британияи Кабир оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Лорд Вейверли сафар намуд. Зимни сафари корӣ номбурда бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, Мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо ва дигар намояндагони воломақоми кишвар мулоқот намуд.

18-22 сентябри соли 2011 узви Парлумони Британияи Кабир Баронесса Вивен Стерн ба Тоҷикистон сафар намуд. Зимни ташрифи хеш Баронесса бо намояндагони Парлумони Тоҷикистон, инчунин Вазорати адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ғайра мулоқотҳои дахлдор анҷом дод.

Аз 4 то 7 марти соли 2013 сафари такрории Баронесса Вивиен Стерн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Зимни сафари мазкур мулоқоти хонум Стерн бо якчанд намояндагони мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барпо гардид.                             

15 августи соли 2013 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Раиси Гуруҳи умумипарлумонии Парлумони Британияи Кабир оид ба Осиёи Марказӣ Лорд Вейверлиро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабирро баррасӣ карда, роҷеъ ба масъалаҳои обӣ, энергетикӣ ва экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд. 1 апрели соли 2014 вохӯрӣ бо гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрӣ дар бинои Палатаи Лордҳои Парлумони Британияи Кабир доир гардида, дар он аъзои гурӯҳ, намояндаҳои Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳӣ, Сафири Подшоҳӣ дар Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои соҳибкорӣ ва илмӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, кормандони воситаҳои иттилоотӣ ширкат варзиданд. Дар раванди вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи иштирокчиён маълумоти муфассал доир ба масъалаи иқтидори энергетикии Тоҷикистон, интиқоли барқ ба Афғонистон ва раванди татбиқи лоиҳаи CASA-1000 пешниҳод карда шуд. Инчунин, миёни ҷонибҳо масъалаи идома додани кумакрасонии техникии Вазорати рушди байналмилалии БК барои татбиқи лоиҳаи мазкур матраҳ гардид.

Аз 22 то 28 майи соли 2014 Баронесса Вивен Стерн, узви Палатаи лордҳои Парлумони Британияи Кабир ва Роҳбари навинтихобшудаи Гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф овард. Дар чаҳорчӯби сафари худ Баронесса Стерн дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Парлумони кишвар вохӯриҳои расмӣ ба анҷом расонид.

12 июли соли 2016 дар бинои Палатаи лордҳои Парлумони Британияи Кабир ҷаласаи гурӯҳи парлумонии Подшоҳӣ оид ба Тоҷикистон барпо гардид. Дар он аъзои гурӯҳ, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир, доираҳои соҳибкорӣ ва илмӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои иттилоотии кишвари иқомат ширкат варзиданд. Барномаи ҷаласа дар худ ду масоили асосӣ – интихоботи раисони гурӯҳ ва муаррифии маърӯзаи Рафаэлло Пантучӣ, роҳбари бахши таҳлили амнияти байналмилалии Донишгоҳи муттаҳидаи Подшоҳӣ оид ба тадқиқоти масъалаҳои амният ва дифоъ (RUSI - Royal United Services Institute for Defence and Security Studies) доир ба вазъи кунунӣ дар Осиёи Марказӣ дар самтҳои идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт ва амният дар минтақа дар бар гирифт.

29 март то 3 апрели соли 2018 Ноиби раиси Гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба бемории сил (Vice-chair of UK All-Party Parliamentary Group on Global TB) Баронесс Сютти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд. Зимни сафари мазкур номбурда бо намояндагони як қатор сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вакили Парлумон, узви Гурӯҳи парлумонии Авруосиёгии Кумитаи ҷаҳонӣ оид ба бемории сил Гулбаҳор Ашурзода ва намояндагони аршади дигар мақомоти давлатии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, доир ба  масъалаҳои марбут ба афзоиши бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

25 феврали соли 2019 бо ибтикори Шурои консервативӣ оид ба корҳои хориҷии Британияи Кабир (Conservative Foreign And Commonwealth Council) дар бинои Парлумони он кишвар вохӯрии роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон ва Покистон зери мавзуи “Global Britain and multilateral relations with the Stans” баргузор гадид.

16-20 сентябри соли 2019 сафари Лорд Шейх - узви Палата ва муовини Раиси гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба Тоҷикистон (British-Tajik APPG) ба Тоҷикистон ташкил карда шуда, зимни он сафар як силсила вохӯриҳои ӯ дар Маҷлиси намояндагон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва донишгоҳҳои миллӣ, техникӣ ва омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

8 феврали соли 2021 мизи мудаввари маҷозии роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо намояндагони Палатаи лордҳои Парламенти Британияи Кабир баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба мақсади муҳокимаи муносибатҳои дуҷонибаи Британияи Кабир бо кишварҳои номбурда, инчунин масъалаҳои марбут ба имкониятҳои минбаъдаи рушди он ҳамкориҳо баргузор гардид. Зимни ин вохӯрӣ ба иштирокчиён роҷеъ ба маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг, тандурустӣ, муҳити зист ва таҳкими сарҳади давлатӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.

Ҳамкории низомӣ-амниятӣ

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳида дар самтҳои ҳарбӣ, дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бо терроризм, қочоқи маводди мухаддир ва хусусан, мусоидат намудан ба инкишофи устувори раванди сулҳу субот дар Афғонистон, мавриди таваҷҷуҳи ҳукуматҳои ду кишвар мебошанд. Тайи солҳои охир якчанд ҳайати намояндаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Британияи Кабир бо сафари корӣ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд. Ҳангоми вохӯриҳо бо намояндагони Тоҷикистон масъалаи вогузор намудани масъулияти Британия дар Афғонистон ба дӯши қувваҳои амниятии кишвар, ҳамчунин фаъолияти қувваҳои мусаллаҳи Подшоҳӣ дар ин кишвар баъди соли 2014-ум мавриди баррасии ҷонибҳо буданд. Дар чорчӯби ҳамкории Тоҷикистон бо НАТО, инчунин дар робита ба дастгирии қувваҳои эътилофии НАТО дар Афғонистон, Тоҷикистон ва Подшоҳӣ ҳамкории ҳарбиро барқарор намуданд.

23-24 августи соли 2011 Муовини маршали ҳавоӣ, ёвари Сардори Сарситоди қувваҳои мусаллаҳи Британияи Кабир Греҳам Ҳовард бо ҳамроҳии ду нафар намояндаи Вазорати мудофиаи Англия - роҳбари барномаҳои ҳамкории Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби НАТО капитан Ҷ.Т.Холловей ва лейтенант Р.Коган ба Душанбе сафар карданд.

Аз 29 то 1 марти соли 2012 Вазири Қувваҳои мусаллаҳ ва узви Парлумони Британияи Кабир Ник Ҳарвей ба Душанбе ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои рушди муносибатҳои низомӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир сафар намуд. Зимни сафари мазкур номбурда бо Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири мудофиа  Шералӣ Хайруллоев ва Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот анҷом дод.

Бояд тазаккур дод, ки 18 апрели соли 2013 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома миёни Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ширкати қӯшунҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар саъю кӯшишҳои байналмилалӣ доир ба таҳким ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон” имзо шуд. Бо кӯмаки ҷониби Подшоҳии Муттаҳида намояндаи қувваҳои низомии Тоҷикистон дар давраи таълимии Академияи шоҳии ҳарбии Сандхурсти Британияи Кабир иштирок намуд.

27 январи соли 2021 сафари Сардори минтақавӣ барои Осиёи Марказии Қушунҳои сарҳадии Британияи Кабир Кристофер Перкин ба Тоҷикистон сурат гирифт. Мақсади сафар супоридани 2 ҳавопаймои бесарнишин (дрон) ба Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Барои омӯзонидани истифодаи ин дронҳо 14 марти соли 2021 чаҳор намояндаи Вазорати мудофиаи Британияи Кабир ба Тоҷикистон сафар намуданд. Дар даври омӯзишии чаҳорруза 12 афсари Қушунҳои сарҳадии кишвар ширкат карданд. Рӯзи панҷум омӯзиш дар сарҳади кишвар бо Афғонистон баргузор шуд. Айни ҳол, дар Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе намояндаи Қушунҳои сарҳадии Подшоҳии Муттаҳида фаъолият дорад.

14 июли соли 2021 дар Агентии миллии Подшоҳии Муттаҳида оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ (NCA) мулоқот доир ба густариши ҳамкориҳо миёни Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии зикршудаи Подшоҳии Муттаҳида дар самти пешгирии қочоқи маводди мухаддир баргузор гардид.

Ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ

Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат низ тадриҷан тавсеа меёбанд. Қаблан ҳамкории иқтисодӣ байни Точикистону Британияи Кабир дар доираи фаъолияти Барномаи минтақавии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сарчашма меёфтанд. Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) барномаҳо ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққиро роҳандозӣ ва фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2003 оғоз намудааст. Дар чорчӯбаи барномаи байналмилалӣ оид ба расонидани мусоидат, Британияи Кабир маблағи 27.5 миллион доллари ШМА-ро (14 миллион фунт-стерлинги британӣ) барои лоиҳаҳое, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар солҳои 2011-2015 амалӣ гардидаанд, ҷудо намудааст.         

Аз 15 то 18 апрели соли 2013 нахустин сафари ҳайати тиҷоратии Подшоҳӣ ба Тоҷикистон барпо гардид. Ҳадафи сафари мазкур шиносоӣ бо фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Моҳи сентябри соли 2014 бо дастгирии молиявии барномаи Иттиҳоди Аврупо - “Осиёи Марказӣ – Инвест III” дар якҷоягӣ бо ширкати бритонӣ “Бритиш Экспертиз” амалисозии лоиҳаи “Рушди сохтори коркарди меваю сабзавот дар Тоҷикистон ва Қирғизистон” оғоз карда шуд. Лоиҳаи мазкур барои рушди иқтидори касбии корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият менамоянд, равона шудааст. Намояндаҳои ширкати “Бритиш Экспертиз” ба Тоҷикистону Қирғизистон сафар намуда, барои иштирок дар лоиҳаи мазкур аз ҳар як кишвар ташкилоти ҷамъиятӣ ва ширкати хусусӣ интихоб намуданд. Аз Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёна ва ширкати хусусии “Акваҷус” корпоратсияи “Зиёратшоҳ” ва аз Қирғизистон Ассотсиатсияи ширкатҳои соҳаи меваю сабзавот ва ширкати хусусии “Десерт” муайян карда шуданд.

Моҳи феврали соли 2015 дар пойтахти Подшоҳии Муттаҳида – шаҳри Лондон, намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Reetex-2015” баргузор гардид. Қобили қайд аст, ки Намояшгоҳи мазкур яке аз бузургтарин чорабиниҳо дар қаламрави Британияи Кабир ба ҳисоб рафта,  дар кори он намояндагони тақрибан 300 ширкати сайёҳӣ аз 52 кишвари дунё ширкат варзиданд. Зимни он чорабинӣ дар робита ба фазои сайёҳии Тоҷикистон намояндагони Сафорат маълумоти лозимаро манзури ҳамагон намуда, аз имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуданд.

9 июни соли 2015 бо ташаббуси Сафорат ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии Британияи Кабир “British Expertise” семинар оид ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории БК баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур, муаррифии нуқтаҳои асосии Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо буд.

15 феврали соли 2016 Вазири давлатӣ оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) Десмонд Свейн бо мақсади татбиқи қисмати тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Британияи Кабир 31 миллион фунт стерлингро барои татбиқи ин лоиҳа ҷудо намудааст.

Дар оғози соли 2017 як қатор вохӯриҳои кормандони Сафорат бо намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Британияи Кабир, аз ҷумла ширкатҳои “KSE Solution”, “Aggreko Plc”, “Elmhurst Ltd” ва ғайра баргузор гардид, ки дар натиҷа моҳи феврали соли 2017 ҳайат иборат аз намояндагони ширкатҳои мазкур ба мақсади ошноӣ пайдо намудан бо фазои тиҷоратии Тоҷикистон ба Душанбе сафар намуданд. Зимни он сафар, 20 феврали соли 2017 мизи мудаввар бо иштироки намояндагони ширкатҳои бритонӣ ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Шератон баргузор гардид.

9 сентябри соли 2019 Палатаи савдои Тоҷикистону Британияи Кабир (Tajik-British Chamber of Commerce) таъсис ёфт. Ин ниҳод ба раванди таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҷоратӣ, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад намуд.

31 январи соли 2020 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Вазорати тиҷорати байналмилалии Британияи Кабир чорабинӣ ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷорати Британияи Кабир зери унвони “Имкониятҳои тиҷорати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ- Eastern Europe and Central Asia Trade Opportunities" баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба мақсади муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳо дар самти сармоя ва тиҷорат миёни доираҳои соҳибкории кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир барпо гардида, дар кори он зиёда аз 200 нафар иштирокчӣ аз ҳисоби ҳайати дипломатии муқими Британияи Кабир, аз ҷумла сафоратҳои кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва савдои байналмилалии Британияи Кабир, роҳбарони ширкатҳои сармоягузорӣ, ташкилотҳои бахши хусусӣ, ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки бевосита дар самти тиҷорат ва сармоягузорӣ фаъолият менамоянд, ширкат варзиданд. Зимни он чорабинӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати соҳибкорони кишвар иборат аз  Роҳбари ҶДММ "Авесто Гурӯҳ" Мирзо Муҳаммад ва Роҳбари корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри Ҳушманд” Саъдӣ Самадов муаррифӣ намуда, роҷеъ ба шарту шароит ва имкониятҳои ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ иттилои лозимаро манзури иштирокдорон намуданд.

Пояи қарордодиву ҳуқуқӣ

Пояи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дошта, созишномаҳои зеринро дар бар мегирад:

  1.  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар иштироки қушунҳои мусаллаҳи Подшоҳии Муттаҳида дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (18 апрели соли 2013  дар Душанбе);
  2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя (1 июли соли 2014 дар Лондон)

Ҳамчунин якчанд лоиҳаи санади ҳамкории дуҷониба байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасии ҷонибҳо қарор доранд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg