Шаҳрвандони хориҷие, ки раводиди муқаррарӣ доранд ва/ё барои онҳо ҷиҳати омаду рафт ва буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бидуни раводид ҷорӣ карда шудааст, вазифадоранд дар давоми 10 (даҳ) рӯзи корӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаранд, ба истиснои шаҳрвандони кишварҳое, ки дар асоси созишномаҳои дахлдор аз бақайдгирӣ ба муҳлатҳои муайян озод мебошанд.
Бақайдгирии кормандони хадамоти дипломатӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.