25 апрели соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ бо мудири Мудирияти Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Маркази Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди кишвари иқомат Мартин Ҳаррис мулоқот анҷом дод.
Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабирро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намуданд. Тарафҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ ибрози назар карданд.