Пояи қарордодиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар марҳилаи ташаккулёбӣ ва рушд қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 27 санади ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат ва сармоягузориву канорагирӣ аз андозбандии дукарата, заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дипломатии ду кишварро ташкил медиҳад.