23 майи соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо ҳайати Агентии рушди байналмилалии Ҷопон (JICA) таҳти роҳбарии муовини мудири кулли Департаменти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Қафқози Агентӣ Танабе Ҳидеки вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сатҳи кунунии равобит дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва имконияти густариши баъдии он табодули афкор намуданд.