Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани тиҷоратии EBRD

08.07.2022 12:18

8 июли соли 2022 дар қароргоҳи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) дар шаҳри Лондони Подшоҳии Муттаҳида ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди ҳамкории бонки мазкур бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Анҷумани тиҷоратӣ баргузор гардид. Дар кори Анҷумани мазкур, ки ба он ҳамчунин доираҳои иқтисодӣ ва тиҷории кишвари маҳалли иқомат даъват шуда буданд, ҷониби мизбон дар сатҳи Президенти EBRD ва ҳайатҳои давлатҳои минтақа дар сатҳи муовинони сарвазирон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайат бо роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода ва шумули Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон мудири EBRD аз Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода намояндагӣ намуд.

Ҳангоми суханрониҳо зимни иҷлосҳои Анҷумани тиҷоратии зикршуда Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ва мудири EBRD аз Тоҷикистон аз дастовардҳои ҳамкории кишвар бо EBRD тайи 30 соли ахир ёдовар шуда, ҷиҳати тақвияти он бар мабнои иқтидору ниёзҳои кишвар дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва об пешниҳодҳои мушаххас иброз карданд. Ҳамзамон аҳаммияти ташкили низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, бахусус НБО “Роғун” барои минтақа, таъкид карда шуд.

Anjumani-tijoratii-EBRD-1.jpeg

 

Anjumani-tijoratii-EBRD-2.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg