Мулоқоти Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти EBRD

08.07.2022 21:24

8 июли соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини Сарвазир муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Анҷумани тиҷоратии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) ба муносибати 30-солагии ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Лондон, Подшоҳии Муттаҳида қарор дорад, бо Президенти бонки мазкур Одиле-Ренод Бассо мулоқот анҷом дод.

Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро бо таваҷҷуҳ ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи Президенти EBRD ба аҳаммияти татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетикӣ, нақлиёт ва об дар Тоҷикистон, инчунин зарурати ҷалби маблағҳо барои идомаи бунёди НБО “Роғун” ҷалб карда шуд.

Muloqot-bo-Prezidenti-EBRD-1.jpeg

Muloqot-bo-Prezidenti-EBRD-2.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg