8 июли соли 2022 дар шаҳри Лондон, Подшоҳии Муттаҳида ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини Сарвазир муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода дар ҳошияи Анҷумани тиҷоратии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) бо ҳамтои худ аз Ҷумҳурии Қазоқистон – Муовини Сарвазир, Вазири молияи ин кишвар муҳтарам Елуран Жамаубаев мулоқот кард.
Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла рушди энергияи “сабз” ва зарурати истифодаи имкониятҳои энергетикии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо изҳори назар карданд.