8 июли соли 2022 дар шаҳри Лондон, Подшоҳии Муттаҳида роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини Сарвазир муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода дар ҳошияи Анҷумани тиҷоратии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) ба муносибати 30-солагии ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳамтои худ аз Ҷумҳурии Қирғизистон – Муовини Сарвазири ин кишвар муҳтарам Адилбек Қосималиев мулоқот кард.
Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ба вежа раванди татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-1000 ва зарурати роҳандозии талошҳо ҷиҳати ҳар чи зудтар ба итмом расонидани он, мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо изҳори назар карданд.