Мулоқоти Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ноиби Президенти EBRD ва мудири бахшҳои инфрасохтор ва идоракунии амалиётҳо

08.07.2022 21:42

8 июли соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини Сарвазир муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Анҷумани тиҷоратии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) ба муносибати 30-солагии ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Лондон, Подшоҳии Муттаҳида қарор дорад, бо Ноиби Президенти бонки мазкур Марк Боуман ва мудирони он оид ба инфрасохтор барои кишварҳои Авруосиё Екатерина Мирошник ва бахши идоракунии амалиётҳо Наталя Ханженкова мулоқот анҷом дод.

Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро бо таваҷҷуҳ ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла бунёди инфрасохтори нав ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи мусоҳибон ба аҳаммияти идомаи бунёди НБО “Роғун” ҷалб карда шуд.

Muloqot-bo-Noibi-Prezidenti-EBRD-1.jpeg

Muloqot-bo-Noibi-Prezidenti-EBRD-2.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg