7-9 ноябри соли 2022 дар шаҳри Лондони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “World Travel Market London 2022” баргузор гардид.
Дар ин намоишгоҳ, ки дар он имкониятҳои сайёҳии зиёда аз 100 кишвари олам ба маъраз гузошта шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати воломақом бо роҳбарии Мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода ва шумули муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, инчунин роҳбарияти 12 ширкати хусусии ватанӣ дар самти сайёҳӣ ва пешбурди он муаррифӣ намуд.
Қобили тазаккур аст, ки намоишгоҳи мазкур шурӯъ аз соли 1980 инҷониб ҳар сол дар шаҳри Лондон баргузор гардида, бо ҷамъ овардани доираи васеи мақомоти рушди сайёҳии кишварҳо аз саросари ҷаҳон ва ширкатҳои сайёҳиву тиҷоратӣ ва ҳавопаймоӣ, барои истиқрори муносибатҳо ва рушди баъдии соҳа ҳамчун заминаи хуб хидмат менамояд.