Ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

07.02.2023 12:25

7 феврали соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг) Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Раёсати Комиссияи миллӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссия дар соли 2022 шунида шуд ва Нақшаи корӣ барои соли 2023 баррасӣ гардид. Зимни ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссияи миллии мазкур намояндагони вазорату идораҳои кишвар суханронӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg