19 марти соли 2023 дар Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир бо ташаббуси Анҷумани Осиёи Марказии Кембриҷ Иди байналмилалии Наврӯз таҷлил карда шуд. Дар оғози чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони кишварҳои минтақа, коршиносону олимони Донишгоҳи Кембриҷ дар мавзӯи ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таърихи Иди байналмилалии Наврӯз мизи мудаввар низ баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва донишҷӯёни тоҷики муқими Лондон намояндагӣ намуданд.