30 марти соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳида Муколамаи сиёсӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст Муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва ҳайати Подшоҳии Муттаҳидаро Вазири давлатӣ дар умури Аврупо ва Амрикои Шимолӣ Лео Дочертӣ роҳбарӣ намуданд.
Аснои Муколама ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Муттаҳидаро дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, сармоягузориву тиҷорат, маорифу фарҳанг, обу иқлим, мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, мавриди муҳоқима қарор доданд.
Равобити байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазъ дар Афғонистон, зарурати таҳкими сарҳадҳо ва дастгирии фаннии лоиҳаву барномаҳои Тоҷикистон дар соҳаи нерӯи “сабз” ва аҳаммияти роҳандозии сафарҳои мақомдорони аршади ду кишвар аз ҷумлаи мавзӯъҳое дигаре буданд, ки зимни Муколамаи мавриди назар баррасӣ шуданд.
Дар поёни Муколамаи сиёсӣ роҳбарони ҳайатҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро имзо намуда, ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ба мақсади тақвияти робитаҳо дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ба ифоқа расиданд.