Мулоқот бо муовини котиби давлатии ШМА

20.09.2023 16:25

19 сентябри соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи 78-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба масъалаҳои идоракунӣ ва захираҳо Ричард Верма доир гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои созанда дар соҳаҳои иқтисодӣ, маориф, низомӣ, ҳифзи муҳити зист ва шарикӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ШМА дар қолаби С5+1, ки худи ҳамон рӯз дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, дар самти тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳо миёни ҷонибҳо саҳифаи наверо боз хоҳад кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg