Мулоқот бо Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии метереологӣ

13.09.2024 06:11

13,09,2024,10,15.jpg

11 сентябри соли 2024 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии метереологӣ (UN WMO) Селеста Сауло баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва омӯзишу пажӯҳиши пиряхҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Намояндаи доимӣ муҳимияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро марбут ба об ва иқлим, аз ҷумла Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025-ро таъкид намуда, қатъномаи  “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034”-ро мавриди назар қарор дод. 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg