13 cентябри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тимоти Ҷонсро ба муносибати ба поён расидани маъмурияти дипломатияш ба ҳузур пазируфт.
Бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди шарикии дуҷониба миёни Тоҷикистону Британия қайд гардида, омодагӣ ҷиҳати беш аз пеш вусъату густариш бахшидани он дар кулли арсаҳои манфиатҳои муштарак таъкид шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин ба Тимоти Ҷонс барои саҳмаш дар таъмиқу таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистону Британия изҳори сипос намуда, ба ӯ дар рисолати баъдияш комёбиҳо таманно кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan