Шомил гардидани  2500 солагии Шаҳраки кадимаи Тахти Сангин ва 1050 солагии Абурайҳон Берунӣ ба руйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО

17.11.2021 11:17

17 апрел соли 2020 дар Иҷлосияи 221-уми Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, то номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 2500 солагии Шаҳраки кадимаи Тахти Сангин ва номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи 1050 солагии Абурайҳон Берунӣ ба руйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО шомил гарданд.

11 ноябри 2021 пас аз баррасии номинатсияҳои мазкур аз ҷониби Кумитаи арзёбии ЮНЕСКО зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон/Раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар чаласаи 41-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2500 солагии Шаҳраки кадимаи Тахти Сангин ва номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон - 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардиданд.

Дар ҳошияи ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле, Президенти Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО Агапито Мба Мокуй, Ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ Шамила Наир-Бедуэлле ва Директори Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и Фаронса хонум Софӣ Макариу анҷом ёфт.

Қобили зикр аст, ки 11 ноябри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж суханронӣ намуд. 

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамоиши мазкур барои омӯзиш, табодули таҷриба ва ҳамоҳангии талошу эҳтимоми муштараки ЮНЕСКО ва кишварҳои аъзои он ҷиҳати пешбурди ҳадафу вазифаҳои марбут ба ҳифзи арзишҳои миллӣ – фарҳангу забон, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ, расму оини аҷдодӣ, рушди илму маориф ҳамчун платформаи муфид хизмат хоҳад кард. 

Ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж то санаи 24 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

IMG-20211109-201325-09-11-21-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg