Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон силсилаи вохӯриҳои ҳайати иқтисодии кишвар иборат аз роҳбарияти ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Тавҳидбонк” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” бо мақсади рушд ва таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо ширкатҳои бонуфузи олмонӣ танзим шуда истодаанд.
31 марти соли 2022 ҷиҳати имкони рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ бо Мудири кулли ширкати бонуфузи “Airbus Operations GmbH” Гуннар Грос мулоқот сурат гирифт.
Ҳайати тоҷикистонӣ дар баробари огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти гуногунҷанбаи “Airbus Operations GmbH”, ҳамчунин аз раванди корҳои истеҳсолии ҳавопаймоҳои тамғаҳои мухталифи мусофиркаши оилаи “Аэробус” шиносоӣ пайдо намуд.
Худи ҳамон рӯз вохӯрии дигар бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии “Euler Hermes”, аз ҷумла сардори раёсати суғуртакунӣ ва идораи хавфҳо Ян-Филипп Апкин ва мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл Бертҳолд Ройтер вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда анҷом дода шуд.