Санаи 8 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов аз корхонаҳои истеҳсолии қитъаи Birlik дар минтақаи муташаккили саноатии Belikdüzü-и шаҳри Истанбул боздид намуда, бо роҳбарияти субъектҳои соҳибкории хурду миёнаи бахши хусусӣ, ки дар он фаъолият мекунанд, мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Дар рафти вохӯриҳо оид ба вазъи кунунии ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Туркия, гардиши савдо, раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба имконияти бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Туркия ба кишвар, мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз, инчунин дигар маълумоти муфид дар бораи зарфиятҳои Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Корхонаҳои мазкур дар навбати худ ҳавасманди худро барои амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳор намуданд.
Баъд аз нишасти мазкур, боздид аз корхонаҳои истехсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, баргузор гардид.