12-15 апрели соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шаҳри Санкт-Петербург сафари корӣ анҷом дод. Роҳбари намояндагии дипломатӣ дар рафти сафари кории худ бо Губернатори шаҳри Санкт-Петербург А. Беглов мулоқот кард. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург табодули афкор намуданд.
Сафири Тоҷикистон аҳамияти истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармояро қайд намуд. Аз ҷумла, масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои ш. Санкт-Петербург ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
А. Беглов зарурати роҳандози ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург, таҳияи барномаҳои муштараки омузишии таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва Россияро таъкид намуд.
13 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти палатаи савдо ва саноати Санкт-Петербург Владимир Катенев вохӯрӣ намуд. Дар рафти мулоқот масоили дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва ш. Санкт-Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон мусоҳибон иштироки доираҳои тиҷоратии Санкт-Петербургро дар ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон-Руссия”, ки 28 апрели соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, муҳокима намуданд.
Д. Гулмаҳмадзода дар рафти ин сафар ҳамҷунин бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсози ҳамватанон ва донишҷӯёни Тоҷикистоние, ки дар мактабҳои олии ш.Санкт-Петербург таҳсил мекунанд мулоқотҳо доир намуд. Дар вохӯрӣ Роҳбари намояндагӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.
Мо дар:
Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Телеграм: www.t.me/mfa_tj
Твитер: www.twitter.com/MID_Tajikistan