18 апрели соли 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов дар Донишгоҳи иқтисод ва технологияи TOBB бо Президенти Иттиҳодияи Палатаҳои тиҷоратию саноатӣ ва Биржаҳои молии Туркия (TOBB) Рифат Ҳисарҷиклиоглу баргузор гардид.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар, аз ҷумла гардиши савдо, раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 чун «Солҳои рушди саноат», дар таҳрири нав қабул гардидани Кодекси андози Тоҷикистон, ҷорӣ гардидани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Туркия ва афзоиши шумораи хатсайрҳои миёни шаҳрҳои ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти мубодилаи таҷриба вобаста ба рушди институтсионалӣ ва ташаккули инфрасохтори муосири соҳибкорӣ, бахусус баланд бардоштани иқтидори ассотсиатсияву палатаҳои тиҷоратии Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ ташкил намоянд. Инчунин ҷиҳати рушди ҳамкориҳо миёни бахши хусусии ду кишвар бо мусоидати ҷонибҳо давоми соли ҷорӣ форумҳои сармоягузорию тиҷоратӣ ташкил карда мешаванд.
Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
Телеграм t.me/mfa_tj
Твитер /twitter.com/MID_Tajikistan ва
