20 апрели соли 2022 дар шаҳри Москва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар машваратҳои сиёсии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ иштирок намуд.
Зимни машваратҳо оид ба фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар самти муқовимат бо «се неруи бадӣ» – терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, инчунин оид ба мушкилоти қочоқи маводди мухаддир табодули афкор сурат гирифт.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ аҳаммият ва зарурати қабули қарор дар бораи таъсиси Маркази зидди мухаддироти СҲШ ҳамчун як ниҳоди алоҳидаи доимӣ дар шаҳри Душанберо қайд кард.
Гузашта аз ин, дар рафти машваратҳо ба вазъияти Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҷонибҳо мавқеи ҳамоҳангшударо роҷеъ ба зарурати таъсиси ҳукумати фарогир бо шумули намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои этникию сиёсии ҷамъияти Афғонистон таъкид карданд. Дар ин замина Ф.Салим аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон ёдовар шуд.
Пас аз машваратҳо мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ бо вазири корҳои хориҷии Россия С.Лавров баргузор гардид.
Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
Телеграм t.me/mfa_tj
Твитер /twitter.com/MID_Tajikistan ва