Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин

27.04.2022 14:40

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти  самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея лутфан бипазиред.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.

Ҷониби Тоҷикистон хоҳони вусъати тоза бахшидан ба ин раванд буда, омода аст, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду ҷониб дар ҳама соҳаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои аслии ду давлат минбаъд ҳам кӯшишҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳад.

Бовар дорам, ки идомаи анъанаҳои неки муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф ва татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои дар ин роҳ қаблан бадастомада аз ин баъд низ натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард.

Бо истифода аз  фурсати фараҳманд ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу саодатмандӣ ва дар пешбурди фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, ҷаноби Президент ва халқи тоҷик саломи дӯстонаамро мерасонам.

Баъди барқарории муносибатҳои дипломатӣ дар санаи 27 апрели соли 1992 робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мубодилаи инсонӣ ва дигар соҳаҳо мунтазам рушд ёфта истодаанд. Барои ман махсусан хурсандиовар аст, ки ба туфайли ифтитоҳи сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта барои тақвияти муносибатҳои ҳамкории ҳарду кишвар заминаи мусоид муҳайё гардидааст.

Умедворам, ки ба шарофати 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ ҳамкориҳои судманди ҳарду кишвар дар бахшҳои мухталиф тавсеа ёфта, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни  мардумонамон дар заминаи баргузории чорабиниҳои гуногунсатҳ боз ҳам амиқтар мешаванд.

Ҷаноби Президент, ба Шумо саломатии комилу некӯаҳволӣ ва рушди беканори кишваратонро

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм t.me/mfa_tj
  3. Твитер  twitter.com/MID_Tajikistan

Нигористон

Тақвим