Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи Сафири Қирғизистонро қабул кард

06.05.2022 18:27

6 майи соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ро қабул намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Абдилдаевро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

06,05,2022,18,29.jpg

IMG-9319.jpg

06,.jpg

Нигористон

Тақвим