13 майи соли 2022 дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус В.В.Макей баргузор гардид.
Мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Беларусро баррасӣ карда, перомуни масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Вазирон ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Беларусро, ки моҳи июни соли 2022 дар Минск дар назар аст, муҳокима намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона доир гардид.