13 майи соли 2022 дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидори Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо муовини аввали вазир, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон В.Норов баргузор гардид.
Зимни мулоқот мусоҳибон аз сатҳи баланди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ карда, маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима намуданд.
Гузашта аз ин, перомуни масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва мулоқотҳои дарпешистода дар сатҳи баланд ва олӣ табодули афкор сурат гирифт.