Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кирғизистон

13.05.2022 20:08

13 майи соли 2022 дар Душанбе дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Вазири тозатаъйини корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷ.Кулубоев доир гардид. 

Зимни вохӯрӣ мусоҳибон пойдории усулҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориро, ки асоси ҳамзистии осоиштаи мардумони тоҷику қирғиз мебошанд, қайд намуданд.

Гузашта аз ин, масъалаҳои марбут ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Дар ин замина аҳаммияти идома додани музокироти пай дар пай ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳо мувофиқ ба манфиатҳои тарафайн таъкид гардид.

Ҷонибҳо инчунин тавофуқ карданд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи иқтидори истифоданашуда дар соҳаи тиҷорату иқтисод чораҳои зарурӣ меандешанд.

Мулоқот дар фазои созанда сурат гирифт.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим