12 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва ҳайати ҷониби Эронро муовини вазири корҳои хориҷӣ Алиризо Бекдилӣ роҳбарӣ карданд.
Дар доираи машваратҳои мазкур ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба робитаҳои консулӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.